Арабистони Саудӣ додани виза барои Тоҷикистонро осонтар кард

Ҳамасола ҳазорҳо мусалмонон барои зиёрати маконҳои муқаддас ба Арабистон мераванд

Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон ва ҳафт кишвари дигар, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон, низоми визаи электронӣ ё e-visa ҷорӣ кардааст.

Акнун барои гирифтани визаи туристии вуруди бисёркарата ва бо ҳадафи будубоши то 90-рӯза ба Арабистони Саудӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба вебсайти расмии визаи электронии Саудӣ ворид шуда, ариза пур кунанд.

Арзиши чунин виза, ки имкони вуруди чандинкаратаро пешбинӣ мекунад 140 доллар мебошад. Арабистони Саудӣ, ки барои мусалмонони ҷаҳон макони муҳими зиёрату ҳаҷ ба ҳисоб меравад, ҳамасола мизбони миллионҳо зоирон мебошад, ки дар миёни онҳо тоҷикистониҳо ҳам кам нестанд.

То имсол имкони сафар ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки инчунин бо ҳадафи тиҷорату кор ҳам ба ин ҷо сафар мекунанд, бар асоси виза сурат мегирифт, ки дар сафоратхонаи ин кишвар дар Душанбе содир мешуд.