Бо бунёди ин нирӯгоҳ, ки ҳукумати Тоҷикистон онро иншооти стратегӣ меноманд, мақомот умедворанд, кишвар аз лиҳози энергетикӣ пурра таъмин ва худкифо мешавад.
Ба навиштаи дафтари матбуоти президент, ошноиии президент бештар бо кори бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум вобаста буд, ки соли 2018 шурӯъ шудааст. Дар доираи ин лоиҳа аз нерӯгоҳи "Роғун" то Шӯроб сохтмони як пул ҳам пешбинӣ шудааст.
"Роғун" бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард.
Сохтмони нерӯгоҳ дар аҳди Шӯравӣ оғоз ёфт, вале ба сабаби ҷанги дохилӣ қатъ шуд. Соли 2010 мақомот як маъракаи нимамаҷбурии фурӯши саҳмияҳоро ба роҳ монданд ва танҳо баъди интиқоди созмонҳои байналхалқӣ онро қатъ карданд. Неругоҳи "Роғун"-ро ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) месозад. Айни замон ду турбинаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум нерӯи барқи кофӣ намегиранд.