На аз Роғун, на аз Норак. Сокинони Сари Хосор роҳи равшан кардани хонаҳояшонро ёфтанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истифодаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар Сари Хосор.

Сокинони деҳоти дурдасти ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ хонаҳояшонро чароғон кардаанд. Дар ин деҳот аз замони шӯравӣ то кунун хатти барқ вуҷуд надошт.

Аз 29 деҳаи ин ҷамоат нисфаш ба хатти барқ пайваст нест. Сокинон аз ҳисоби худ неругоҳҳои хурди обӣ сохтаанд ва мегӯянд, кори ин неругоҳҳо мавсимӣ аст, чун бо кам шудани об, онҳо аз кор мемонанд ва сокинон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд.