Бино ба иттилои пешакӣ, миёни кушташудаҳои ин садама шаҳрвандони Қирғизистон нестанд, хабар додааст вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Мақоми беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, дар садамаи шоми якшанбе дар шаҳри Кӯлоб 11 нафар ҷон бохта, 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Вазъи шуморе аз захмиҳо вахим гуфта мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳодиса соати 19:30-и 6-уми август дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ", воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Бар асоси хабари ВКД, мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (прицеп) доштааст, бинобар аз кор мондани "тормоз" ба садама дучор шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.