Вазири энергетикаи Қирғизистон, Таалайбек Ибраев сабаби эъломи вазъи фавқулода дар бахши энергетикаи ин кишварро шарҳ дод.
Вай дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин низом ба сокинон ва бахши тиҷорӣ таъсире нахоҳад дошт.
"Дар мо неруи барқ кам тавлид мешавад. Мо соли 2010 дар неругоҳи "Қамбарота-2" як чархаро ба кор андохтем. Иқтидори неругоҳ 120 мегаватт аст, вале он ҳамагӣ 90 мегаватт тавлид мекунад. Вақте сармоягузорон мехоҳанд, неругоҳи барқии обӣ бунёд кунанд, дар масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин мушкил пеш меояд. Мо қарор кардем, ки ҳамаи ин масъалаҳо дар як ниҳод ҳал шавад. Мо бояд то соли 2026 норасоии барқро бартараф кунем ва содироти онро шуруъ кунем. Расонаҳо менависанд, ки дар бахши энергетика буҳрон вуҷуд дорад, аммо буҳрон нест. Мо об дорем ва дар мавриди воридоти неруи барқ аллакай созишномаҳо имзо кардаем", - афзудааст вазир.
Ибраев дар шарҳи идома ёфтани қатъи интиқоли неруи барқ ба сокинони Қирғизистон гуфт, барқ тибқи ҷадвал "ба хотири таъмир" қатъ мешавад.
Дар бахши энергетикии Қирғизистон аз 1 август вазъи фавқулода эълом шудааст. Тибқи қарори президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов он то охири соли 2026 амал хоҳад кард. Дар ин давра Вазорати энергетикаи он кишвар як қатор салоҳиятҳоро соҳиб хоҳад шуд.