Дар Туркманистон маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет сахттар шуд

Маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет дар Туркманистон давоми чанд рӯзи ахир сахттар шудааст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ворид шудан ба сомонаи фурӯшгоҳҳои онлайнии туркӣ ва чинӣ, ки қаблан дар Туркманистон бе мушкил боз мешуданд, номумкин шудааст.

Ба гуфтаи хабарнигор, ҳатто сомонаҳои сафорати кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Ишқобод низ бо филтиршикан ё VPN боз мешаванд.

"Аз ҷумла, сомонаи сафорати Русия дар Ишқобод, ки барои бештари сокинон муҳим аст, бо VPN боз мешавад", - афзудааст ӯ.

Расонаи "Хроника Туркменистана" иттилоъ додааст, ки дастрасӣ ба Интернет дар Туркманистон аз 23 июл маҳдудтар шудааст. "Turkmen.news" 26 июл рӯйхати сервер ва хостингҳоеро нашр кард, ки дар ҳудуди Туркманистон масдуд шудаанд. Дар миёни онҳо "Amazon WebServices" (AWS), "Azure" (Microsoft), "Google Cloud Platform" (GCP) ва "GoDaddy" ҳастанд.

Мақомоти Туркманистон вазъро шарҳ намедиҳанд.