12 талоши оташ задани комиссариатҳои ҳарбӣ дар Русия

Дар як шабонарӯзи ахир дар Русия талош шудааст, 12 комиссариати ҳарбиро оташ зананд.

Кӯшишҳо барои оташ задани военкомат ё маркази сафарбарӣ ба артиш, дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Қазон, Омск, Калуга ва Подолск сабт шудааст. Дар ин бора расонаву шабакаҳои Телеграмии Русия хабар додаанд.

Аксари онҳое, ки бо гумони оташ задани комиссариати ҳарбӣ боздошт шудаанд, занон будаанд. Ба гуфтаи гумонбарон онҳоро ба ин кор афроде маҷбур намудаанд, ки гӯиё худро корманди мақомоти интизомӣ муаррифӣ кардаанд.

Бино ба навиштаи хабаргузории русии “Фонтанка” дар Санкт-Петербург, барои оташ задани комиссиариати ҳарбӣ алайҳи як марде парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Гумонбар, ки ҳоло дар боздошт аст, ронандаи як ширкати сохтмонӣ будааст.

Ба навиштаи расонаҳо ӯ баъди гирифтани як занги телефонӣ аз шахсе, ки худро корманди ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия, Колесников муаррифӣ кардааст, ба ин кор даст зад.

Колесников гӯё ба ӯ дастур додааст, ки барои дастрас кардани баъзе санадҳои марбут ба Украина ташкили чунин як тавтеа зарур аст.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва сафарбарӣ ба ҷанг мавридҳои оташ задани комиссариатҳои ҳарбӣ зиёд шуд.

Дар як соли гузашта дар Русия 77 маротиба талош шудааст, ки комиссариатҳои ҳарбӣ оташ зада шаванд. Дар ин бора аз Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи марказӣ хабар дода, таъкид кардаанд, ки чунин ҳолатҳо чун ҳамлаи терористӣ дониста шуда, барои он ба гумонбар то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.