Харобкории сел дар ноҳияи Айнӣ

Акс аз сомонаи КҲФ

Ба ҳисобҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар натиҷаи сели пуршиддат ва босуръати рӯзи 28-уми июл дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ 161 хоҷагӣ зарар дидааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, 16 манзили зист зери обу лой монда, ба 64 иншооти ёрирасон осеб расидааст. Дар маҷмӯъ 81 қитъаи наздиҳавлигиро пурра об зер кардааст.

Ба иттилои ӯ, барои ёрӣ ба оилаҳои осебдида ва ҳам пок кардани қубурҳо, роҳҳову кӯчаҳои Урметан аз гилу санг беш аз 200 сокини маҳаллӣ ва техника сафаргар гардид.

Рӯзи 29-уми июл се нуқтаи таъмини об барқарор шуд ва сокинон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.

Инчунин, дирӯз дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати Урметан корҳои поккории кӯчаву роҳҳо аз паёмадҳои сел ҷараён дошт. Ба сокинони осебдида аз сел, бо ёрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кӯрпаву болиш ва васоили гигиенӣ тақдим карда шуд.