Тоҷикистон маконҳоеро, ки захираи тилло доранд, эълон кард

Ҳукумати Тоҷикистон як харитаи захираҳои тиллои кишварро таҳия кардааст, ки он тамоми маълумоти ҷуғрофиро дар ин замина фаро гирифтааст.

Бино ба ин харита, захираҳои тилло дар ҳудуди 155 макон ҳисоб ва дар паҳнои тахминан 1 ҳазор километр ҷойгир шудаанд. Дар ин бора масъулини Саридораи геологияи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар додаанд.

Ба иттилои мақомот, захираҳои тилло дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб, Дарвоз, Рӯшони вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Айнӣ, Масчоҳи Кӯҳӣ, Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияҳои Лахшу Сангвори навоҳии тобеи марказ ҷой доштаанд.

Вазорати саноат мегӯяд, дар Тоҷикистон 19 корхона бо истихроҷи тилло машғул аст. Як интиқоди ҷиддӣ аз ҳукумат ин аст, ки аксар захираҳои тиллои Тоҷикистон дар ихттиёри ширкатҳои чинӣ мебошад.