Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷик пас аз даҳ рӯзи истирдодаш аз Минск ба Душанбе, аз худ дарак дод.
Мақомоти интизомии Беларус Низомиддин Насриддиновро, баъд аз 7 моҳи боздошт, рӯзи 21-уми июл ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Дар ин бора вакили мудофеъи Низомиддин Насриддинов дар Белорус, ба пайвандонаш хабар дода буд.
Аммо мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд. Талоши хабарнигори Озодӣ барои тамос бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳам бенатиҷа буд.
Бо дархости пайвандон, Эътилофи зидди шиканҷа Низомиддин Насриддиновро бо вакили дифоъ таъмин кардааст. Ба гуфтаи наздиконаш, имрӯз 31-уми июл вакил бо ӯ мулоқот кардааст.
Саодат Насриддинова, модари Низомиддин, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вакили мудофеъи писараш сӯҳбат кард ва вай гуфтааст, ки “саломатии Низомиддин хуб асту шиканҷа нашудааст. Танҳо ба либоси тоза ва лояи дандоншуӣ ниёз дорад”
“Ман ҳафтаи гузашта ба созмони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон муроҷиат карда будам ва онҳо адвокат Муҳаббатшо Баллаевро ба мо доданд, ки аз писарам ҳимоя кунад. Имруз дар мулоқот бо Муҳаббатшо бовар ҳосил кардам, ки писарам дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе мавсум ба амният будааст”,- гуфт, модари Низомиддин
Ба гуфтаи Саодат Насриддинова, пеш аз ин, рӯзи 24- уми июл фарде ба ӯ занг зад ва худро нафари наздик ба мақомот муаррифӣ намуда, хабар додааст, ки Низомиддин дар бинои амният аст ва ӯро латтукӯб кардаанд. “Ман ин ҳарфҳоро шунида, фиғон кардам, ки телефонро хомӯш кард, ҳарчанд кӯшиш кардам, ки тамос гирам, нашуд”- нақл кард, модари Низомиддин Насриддинов.
Баъд аз ин ӯ ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмаки ҳуқуқӣ хостааст.
Низомиддин Насриддинов, 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд ва то истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд. Ӯ дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.
Саидризо Насриддинов, бародари Низомиддин рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари истирдоди бародарашро дар Додситонии кулли Беларус ба адвокаташ гуфтаанд. “Адвокат гуфт, ки се рӯз қабл, вақте барои суҳбат бо Низомиддин ба боздоштгоҳи Гродно рафт, ба вай гуфтаанд, ки Низомиддин ба Минск интиқол дода шуд ва вақте ба Минск меравад, аз додситонӣ мегӯянд, ки ӯ истирдод шуд,”- гуфт ӯ.
Энира Бронитская аз созмони “Human Constanta” моҳи март баъди боздошти Низомиддин ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди Насриддиновро талаб кард ва ҷониби Беларус рӯзи 21-уми феврал розӣ шудааст.
Низомиддин Насриддинов, ки соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. “Гурӯҳи 24” эълон кард, ки ӯ аз соли 2018 ба ин тараф узви ин созмон нест. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд.
Дӯстонаш гуфтанд, ки солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафта буд.
Чанд созмони бонуфуз аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон надиҳад.