Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов гуфт, таҳдиди таҳримҳо барои Бишкек воқеӣ боқӣ мемонад ва бинобар ин, бо раҳбарони Амрико ва Аврупо дар тамос ҳастанд.
“Онҳо низ дарк мекунанд. Зеро Қирғизистон иқтисоди озод дорад. Ҳамчунин шарикон дарк мекунанд, ки мо наметавонем ҳамаи ширкатҳоро бодиққат назорат кунем”, - афзуд ӯ.
Вазорати молияи ИМА рӯзи 21 июл 4 ширкати қирғизистониро барои интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард. Аз ширкатҳое, ки таҳрим шудаанд "RM Design and Development", “ГТМЕ Технологии”, “Прогресс лидер” ва “Карголайн” ном бурда шудааст.
Қаблан нашрияи "Вашингтон пост" рӯзи 18 июл навишт, ки маъмурияти президенти ИМА барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Қирғизистон омодагӣ мебинад. Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия тавассути Қирғизистон сурат мегирад. Нашрия ба мусодираи 14 ҳавопаймои бесарнишини чинӣ дар Қазоқистон ишора кардааст. Ин бесарнишинҳо аз Қирғизистон ба Русия интиқол дода мешуданд.