Баъд аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои кишвар, аз ҷумла бо ширкати кормандони БДА ин ниҳод дар асоси як созишнома 130 нафарро ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” мебарад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ният дорад, 130 касро барои 6 рӯз ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” барад.
Қарордод байни Раёсати Бозрасӣ бо ҶДММ “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, “Хизматрасонӣ барои таъмини манзил бо таъмини 4 хӯроки якдафъаина ва барномаи фарҳангӣ барои 130 нафар барои 6 рӯз” ном дорад.
Раёсати Бозрасӣ барои ин хидматрасонӣ ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” 344 ҳазору 743 сомонӣ мепардозад. Ба ин тартиб, Раёсати БДА барои ҳар як меҳмонаш дар рӯз 441 сомонӣ харҷ мекунад.
Маълум нест, оё ин 130 нафар нозирони БДА ҳастанд, ки барои омӯзиш ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” мераванд, ё меҳмонони хоси Раёсати БДА.
Ҳамзамон маълум нест, “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” меҳмонони БДА-ро кадом санаҳо қабул мекунад. Ҳузури 130 корманди БДА дар “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” баъд аз садамаҳои пурқурбонӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ва барканории чанд мақомдори ин ниҳод аз мансаб сурат мегирад.
Дар пайи тасодуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар, ки чандин нафарро қурбон кард, се мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ барканор шудаанд. Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА аз мансаб ронда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзодаро таъин кард.
Қарордоди байни Раёсати БДА ва “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро ҳам ҳамин сардори нави БДА имзо кардааст. Ба ин тартиб, қарордод баъд аз 12 июли соли 2023 - баъди таъйини Мирзомуродзода ба мансаби сардори Раёсати БДА имзо шудааст.
Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷиноятҳои Созмонёфта ва Фасод (OCCRP) дар як таҳқиқот исбот карда буд, ки “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” ба Маҳмадзоир Соҳибов - домоди президенти Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Соли 2021 баъди навсозии осоишгоҳ, дар маросими ифтиттоҳи он президент ҳам ширкат карда буд ва Соҳибов ба падарарӯсаш, Эмомалӣ Раҳмон намои нави “Шоҳамбарӣ” – ро намоиш дода буд.