Барканории чанд мақомдор дар Узбекистон барои болоравии нархҳо

Зимни сафари Шавқат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Фарғона 5 мақомдор аз мансаб барканор шудаанд.

Дар ҷаласае рӯзи 27-уми июл дар вилояти Қуқанд, раиси ҷумҳур муовини ҳокими вилояти Фарғона, раҳбари Раёсати андоз, ҳокими ноҳияи Риштону Марғилон ва раиси шӯъбаи андози ин ноҳияро аз мақом гирифтааст.

Бино ба иттилои сухангӯи президент, Шавкат Мирзиёев раҳбарону мақомдорони чанд вилояти дигарро танбеҳ додааст. Ба ҳоким ва роҳбарони чанд ниҳод аз ҷумла, сардори Раёсати корҳои дохилӣ ва Хадамоти андозу додситонӣ 2 моҳ мӯҳлати санҷишӣ дода шудааст.

Раиси ҷумҳури Узбекистон аз беамалии ҳокимон барои пешгирӣ аз афзоиши нархи бозор ва таваррум интиқод кардааст.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Фарғона қариб 1,5 баробар бештар шудааст. Ҳамчунин пурсишҳо муайян кардаанд, ки ба 32 дар сади кишоварзон аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ҳеҷ кӯмаке расонида нашудааст.