Рӯзҳои 27 ва 28 июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон машқҳои зиддитеррористӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Ситоди зидди терроризми Қазоқистон хабар медиҳад.
Ҳангоми анҷоми ин машқҳо ҳаракати одамон ва нақлиёт маҳдуд мешавад.
Маълум нест ин машқҳо маҳз дар кадом минтақаи Остона барпо мешаванд. Ҳадаф аз баргузории машқҳо санҷиши ҳолати омодабоши неруҳои амниятии Қазоқистон унвон шудааст.
Аз ибтидои соли ҷорӣ мақомоти Қазоқистон дар чандин вилояти он кишвар чунин машқҳоро баргузор карданд