Муҳлати ҳабси фаъолони русиягӣ дар Қирғизистон тамдид шуд

Як маҳбаси Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Муҳлати ҳабси пешакии ду фаъоли русиягӣ - Алена Крилова ва Лев Скорякинро дар Қирғизистон тамдид карданд. Дар ин бора ҳуқуқшиноси созмони "Адолат" Марат Кидиров хабар дод.

Ба гуфтаи Кидиров, додгоҳҳои ноҳияҳои Якуми май ва Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишварро дар мавриди тамдиди муҳлати ҳабси фаъолон қонеъ кардааст. Бино ба қарори додгоҳ, акнун онҳо то 4-уми сентябр дар ҳабс мемонанд.

Пештар аз ин фаъолони русиягии дар Қирғизистон боздоштшуда Алена Крилова ва Лев Скорякин дархости паноҳандагӣ карда буданд.

Марат Кидиров, вакили мудофеи ин ду боздоштшуда рӯзи 12 июн дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки дархости онҳо ба вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ирсол шудааст.

Ин вазорат масъули баррасии дархостҳо дар бораи паноҳандагӣ аст.

Фаъоли сиёсии русиягӣ Алёна Криловаро дар Қирғизистон ҳанӯз 4 июн боздошт кардаанд, аммо хабари боздошт дертар расонаӣ шуд.

Крилова сухангӯи пешини ҳаракати "Барои ҳуқуқи инсон" аст. Вай шомили ҳаракати "Мухолифати чапгароҳо" буд, ки ин ҳаракат дар Русия тундгароёна эътироф шудааст. Дар Русия нисбати Крилова парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Алёна Криловаро бо ҳадафи истирдод ба Русия боздошт кардаанд. Маълум нест, ки вай ҳамоно дар Қирғизистон аст ё ба Русия истирдод шудааст.

Ин севум боздошти муҳоҷирони сиёсии Русия дар Қирғизистон танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ аст. Рӯзҳои 6 ва 9 июн ду русиягии дигар дар Қирғизистон боздошт шуданд.