Вазорати кишоварзии Узбекистон хабарҳо дар бораи гароншавии биринҷро дар пайи манъи содироти он аз Ҳинд рад кард.
Ба иттилои вазорати кишоварзии Узбекистон, дар он кишвар талаботи солонаи ҳар кадом сокин ба биринҷ 9,8 кг аст. Бо назардошти ин, узбекистониҳо солона 353 ҳазор тона биринҷ истеъмол мекунанд.
Дар вазорат гуфтанд, ки дар Узбекистон солона то 310 ҳазор тона биринҷ рӯёнида мешавад, ки 43 ҳазор тона камтар аз талаботи аҳолӣ аст. Аз ибтидои соли ҷорӣ ба Узбекистон 53 500 тона биринҷ ворид шудааст.
Чанд рӯз пештар расонаҳо хабар доданд, ки Ҳинд, бузургтарин содиркунандаи биринҷ дар дунё, муваққатан содироти онро манъ мекунад. Баъди ин хабар коршиносон гуфтанд, ки эҳтимол дорад, қимати биринҷ дар бозори ҷаҳонӣ гарон шавад. Чунин хабарҳо миёни корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуданд.
Айни замон 1 кг биринҷ дар бозорҳои Узбекистон аз 1 то 2 доллари ИМА арзиш дорад. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,2 дарсад гаронтар аст.