Наздик ба 50 шаҳрванди Чин, ки дар корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” кор мекунанд, бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаҳои ноҳияи Данғара муроҷиат кардаанд.
Ин корхонаи муштараки саноатӣ соли 2016 дар Данғара бунёд шуд ва дар он шаҳрвандони Чину Тоҷикистон кор мекунанд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 26-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух дод ва шаҳрвандони ҷумҳурии Чин ба пизишкон муроҷиат карданд.
“Дар ҷои кор сарашон чарх зада афтодаанд ва қай карданд. Фавран ба беморхона муроҷиат карданд ва пизишкон онҳоро ташхис карданд. Маълум шудааст, ки онҳо аз ҳавои олуда бо газ нафас кашида ба чунин ҳол афтодаанд. Худашон кадом таҷҳизотеро нодуруст истифода бурдаанд,”—гуфт ӯ.
Мақомоти ноҳияи Данғара ҳодисаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, теъдоди онҳое, ки ба беморхона муроҷиат карданд, зиёд набуданд.
Қаҳрамон Камолов, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ дар Данғара гуфт, “ин ҷиддӣ набуд. Муроҷиат карда буданд, дидем. Ҳоло ягон нафарашон дар беморхона хоб нестанд. Ба беморхонаи ҷумҳуриявӣ танҳо ду нафар муроҷиат кард, ба беморхонаҳои ноҳиявиро намедонам.”
Ин мақомдор шарҳ надод, ки бар асари чӣ шаҳрвандон Чин ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.
Маълум нест, ки дар корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ҳоло чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Чин кор мекунанд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки дар ин корхона 600 нафар кор мекунанд, вале маълум нест, чанд нафар аз онҳо шаҳрванди Чин ҳастанд.
Замони таъсис, мақомот гуфтанд, дар ин корхона имкони то 52 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол коркард кардан мумкин аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба кишоварзони чинӣ беш аз 14 ҳазор ҳектар заминро барои кишти пахта додааст.
Мухолифон ҳукуматро пайваста барои додани конҳои тило ва заминҳои кишт бо имтиёзҳои ночиз ба ширкатҳои чинӣ танқид мекунанд.