Ду пулисро дар Қазоқистон барои "ришватситонӣ аз зердастон" зиндон карданд

Кормандони пулиси қазоқ

Додгоҳе дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон К. Олимхонов ва Н. Мирзалиев - кормандони пулисро ҳафтсолӣ зиндон кард.

Додгоҳ онҳоро ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ба таври якумрӣ маҳрум кардааст.

Ҳар ду корманди пулис дар ришватситонии такрорӣ аз зердастонашон дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор танга (мутаносибан аз 10 то 20 доллари ИМА) айбдор шуданд.

Дар Қазоқистон шикоятҳо аз рафтори кормандони пулис кам нестанд. Дар бархе аз ҳолатҳо шикоятҳо то додгоҳ ва ҳукм нисбати кормандони пулис мерасанд.