Ҳукумати Тоҷикистон қарореро омода кардааст, ки соли оянда овардани мошинҳои куҳнатар соли 2013-ро манъ мекунад. Гуфта мешавад, мошинҳои кӯҳна сабаби афзоиши тасодуфҳои маргбор ва нопокии ҳаво шудаанд.
Мақомот ҳанӯз ин қарорро расман эълон накардаанд, аммо Радиои Озодӣ ба пешнависи он шинос шуд. Санад Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилиро ба иҷрои он дар оғози соли 2024 вазифадор мекунад.
Бархе аз ронандагон, ки ҳар рӯз ба “тамбашави”-и мошинҳо ё сафҳои тӯлонӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин тасмими ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бахтиёр Зарифов, сокини шаҳри Душанбе борҳо ба чунин ҳолат гирифтор шудааст. Ӯ рӯзи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, зиёд шудани мошинҳои кӯҳна боиси сустии ҳаракат ё сафҳои тӯлонии мошинҳо шуда, ҳамзамон сабаби олудагии ҳаво мешаванд.
“Мошинҳои кӯҳна экологияро вайрон мекунанд, чунки фарсуда шудаанд. Мошинҳои навро маторҳояшон навтаранд, партоби газашон камтар аст. Барои ҳамин хеле пешравӣ мешавад,”-афзуд, ӯ.
Гурӯҳи дигари ронандагон бар инанд, ки танбашавии тӯлонӣ ва тасодуфҳои маргбор рабте соли тавлиди мошин надорад. Ба қавли онҳо, манъи воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 наметавонад мушкилотро кам кунад.
Саидаброр, сокини Душанбе дар ин бора гуфт: “Фикри ман ин аст, ки садамаҳо аз соли барориши мошинҳо вобастагӣ надорад. Аз худи одамоне, ки савод надоранд, ҳуҷҷати ронандагиро харидагӣ ҳастанд, аз ин вобаста аст. Ин мошин фарқ надорад, ки 1990-ум сол аст 2000-ум”
Дар оғози соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-ро низ манъ карда буд. Он замон бархе тоҷирон шикоят карда буданд, ки аз ин қарор дер огоҳӣ ёфтанд ва мошинҳои харидаашон дар нимароҳ дармонданд.
Баъзе тоҷирони мошин бо овардани мисол аз қарори қаблӣ мегӯянд, тасмими навбатӣ боиси ба маротиб боло рафтани нархи мошин шуда, дастрасии сокинонро ба он маҳдуд хоҳад кард.
Баҳодур Раҳимов, тоҷири мошин, рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори манъи вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 аз фоида дида, зиёни бештар меорад.
“Ҳозир худам “Опел Зефира” дорам, соли баромадаш 2001 аст, ба мошини соли баромадаш 2020 иваз намекунам. Барои он ки бақувват аст. Мошинҳои соли 2020-2023 меорӣ, 2 сол истифода кунед, мисли каробка аст. Мошинҳои сифаташон нағз аз 500-600 ҳазор сомонӣ боло аст, ки на ҳама афроди мошинхарро зураш мерасад ва умрбод кор кунад, харида наметавонад”, афзуд, вай.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, бо манъи воридоти мошинҳои истеҳсоли то 2013, тоҷирон талош мекунанд бо тағйири соли тавлиди мошин ва сохтакории дигар санадҳо, мошинҳои кӯҳнаро ба кишвар ворид намоянд. Ба назари вай, бо амалӣ шудани ин қарор мумкин аст, фасод ҳангоми овардани мошинҳо бештар шавад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти гумрук то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Рӯзи 21-уми июл Азиз Раҳимов, масъули Дафтари матбуоти ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин бора пурсишҳои худро ирсол кунед, баъдан посух хоҳем дод”.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ тайи чанд рӯзи ахир қарори ҳукумат дар бораи манъи вуруди мошинҳои кӯҳнаро мавриди баҳс қарор медиҳанд.
Корбаре бо номи Рухиддин Очилдиев, зери хабари ин қарор дар “Фейсбук” навиштааст, ки “ба ин ойлики 2 ҳазора кай мо соҳиби мошини соли бароришаш 2014 мешавем?”.
Абдуғанӣ Рашидов, корбари дигаре гуфтааст, “хело қарори хуб... ва ба мавриду саривақт...мошин аз ҳад зиёд шуда истодааст”
Бархе аз таҷрибаи кишвраҳое мисол овардаанд, ки маҳдудияте дар истифодаи мошинҳо ва соли барориши он надоранд ва кори ронандаҳову мардум ҳам осон аст.
Ба маъдумоти Хадамоти гумрук, танҳо дар 6 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор нақлиёти сабукрав ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи як соли пеш 4 ҳазор бештар будааст.