Воридоти мошинҳои куҳна дар Тоҷикистон манъ мешавад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.