Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, синни поёнии даъват ба артиши ин кишвар то ба 21-солагӣ боло бурда намешавад.
Синни болоии даъват ба артиш аз 27 то ба 30-солагӣ тағйир дода шуд. Тибқи тағйироти нав, ки ба гуфтаи Картаполов, кумитаи дахлдори Думаи давлатӣ онро пазируфт, минбаъд ҷавонони аз 18 то 30-сола ба артиши Русия даъват мешаванд.
"Тағйири асосӣ ин аст, ки синни болоии даъват иваз шуд. Синни поёнии даъват дар 18-солагӣ боқӣ монд, чун ҷавонони бисёре мехоҳанд, хидмат кунанд", - изҳор доштааст Картаполов дар суҳбат бо "Интерфакс".
Ба гуфтаи вакили рус, меъёрҳои нави даъват ба артиши Русия аз соли 2024 ба иҷро медароянд.
Қаблан раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфта буд, ки эҳтимол дар мавсими даъвати баҳории соли 2023 шаҳрвандони то 30-солаи ин кишвар ба артиш ҷалб шаванд.