Вазири пешини қирғиз иддаои Қамчибек Тошиевро рад кард

Динора Кутманова

Динора Кутманова, собиқ вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон иттиҳомеро, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев зидди ӯ баён кард, рад намудааст.

Кутманова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ӯ ба мақомот "маълумоти якҷониба ва беасос" дода мешавад. Вай ҳамчунин иддао дар бораи онро ки гӯиё "дар ҳама ҷо" хешовандонашро таъин кардааст, рад кард.

Қамчибек Тошиев рӯзи 20 июл дар ҷаласаи ҳукумат ҳушдор дод, ки мансабдорони давлатӣ, ки дар фасодкорӣ даст доранд, дер ё зуд муҷозот хоҳанд шуд. Вай аз вазири собиқ Динора Қутмонова ном гирифта, вайро дар азхудкунии маблағҳое муттаҳам кард, ки аз ҳисоби истихроҷи кони тилои "Қумтор" ба даст омадаанд.

Қутмонова баъди ҳодисаҳои октябри соли 2020 сардори Оҷонси давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон, ки баъдан ба Вазорати захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникӣ табдил ёфт, таъйин шуда буд.

Ӯро моҳи марти имсол аз мақом барканор карданд, вале сабаби барканоришяро нагуфтанд.