Украина гуфт, сар аз 21 июл киштиҳое, ки дар баҳри Сиёҳ ба самти бандарҳои дарёии Русия ҳаракат мекунанд, ҳамчун "интиқолдиҳандаи эҳтимолии борҳои низомӣ" ҳисобида хоҳанд шуд.
Вазорати дифои Украина киштиронӣ дар қисмати шимолӣ-шарқии баҳри Сиёҳ ва гулӯгоҳи Керчро аз соати 5-и субҳи 20 июл хатарнок эълон кард.
"Сарнавишти киштии низомии "Маскав" собит мекунад, ки неруҳои мудофиаи Украина барои рафъи таҷовузи Русия дар баҳр василаҳои заруриро доранд", - омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Украина.
Русия пас аз соли 2014 ҳамаи киштиҳои бузурги флоти Украинаро ғарқ ё маҳв кардааст. Ба истиснои киштии "Гетман Сагайдачный", ки аз ҷониби худи маллоҳони украинӣ дар бандари Николаев ғарқ карда шуд.
Қаблан Вазорати дифои Русия 19 июл эълон кард, ки боркашонӣ ба бандарҳои Украина манъ карда шуд ва ҳамаи киштиҳое, ки ба бандарҳои мазкур ҳаракат мекунанд, ҳамчун "интиқолдиҳандаи эҳтимолии борҳои низомӣ" ҳисобида хоҳад шуд.