Амрико 4 ширкати Қирғизистонро таҳрим кард

Вазорати молияи ИМА рӯзи сешанбе чаҳор ширкати қирғизистониро барои интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард.

Аз ширкатҳое, ки таҳрим шудаанд "RM Design and Development", “ГТМЕ Технологии”, “Прогресс лидер” ва “Карголайн” ном бурда шудааст.

Ба руйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи Амрико ширкатҳои русии “Базис Трейд Прософт”, “Радиотехснаб”, “Регион-проф”, “Технологии, системы и комплексы” ва “СиАйСи”, ки маҳсулоти худро тавассути ширкатҳои қирғизӣ интиқол медоданд, шомил шудаанд.

Қаблан нашрияи "Вашингтон пост" рӯзи 18 июл навишт, ки маъмурияти президенти ИМА барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Қирғизистон омодагӣ мебинад. Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия тавассути Қирғизистон сурат мегирад.

Нашрия ба мусодираи 14 ҳавопаймои бесарнишини чинӣ дар Қазоқистон ишора кардааст. Ин бесарнишинҳо аз Қирғизистон ба Русия интиқол дода мешуданд.