Амрико ба Украина ба маблағи беш аз $40 млрд кумаки низомӣ кардааст

Вазорати дифои ИМА рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ҷудо шудани бастаи нави кумаки низомӣ ба Украина хабар дод. Сухан дар бораи фармоиши истеҳсоли аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ барои Украина меравад, на дар бораи интиқоли мустақими онҳо аз анборҳои Пентагон.

Тибқи иттилои Пентагон, бастаи мазкур аз чаҳор низоми зиддимушакии "NASAMS" бо лавозимоти ҷангӣ, тири тӯп, мушакҳо барои MANPADS, ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла дронҳои камикадзеи "Switchblade", тонкҳо, тракторҳо ва таҷҳизот барои муҳофизати бандарҳо меравад.

Бастаи кумакҳои охирини низомии Амрико барои Украина 7 июли имсол ҷудо шуда буд, ки бори нахуст бомбҳои хушаиро низ дар бармегирифт. Дертар хабар дода шуд, ки ин бомбҳо аллакай ба Украина интиқол ёфтаанд, вале то ҳол дар ҷанг истифода нашудаанд.

Вашингтон аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 40 миллиард доллар ба Киев кумаки низомӣ кардааст.