Қазоқистон хост, нархи транзити орд ба Афғонистон арзон шавад

Қазоқистон аз Узбекистон дархост кардааст, ки нархи транзити орд ба Афғонистонро тавассути роҳи оҳан арзон кунад.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки ин дархост 17 июл дар ҷаласаи гуруҳҳои кории ду кишвар сурат гирифтааст.

"Дар ҷаласа ба масъалаи поин бурдани нархи тарифҳо барои транзити орди Қазоқистон тавассути Узбекистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Ҳаҷми содироти орди Қазоқистон тариқи Узбекистон ба Афғонистон дар соли 2017 ба 1 миллиону 209 миллион тонна расида буд ва ин рақам дар солҳои баъдӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Он соли 2021 536 ҳазор тонна ва дар соли 2022 816 ҳазор тоннаро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоияи ҳукумати Қазоқистон.

Манбаъ дақиқ нагуфтааст, ки нархи тарифҳо чанд дарсад бояд арзон шаванд.