Бердимуҳаммадов нуҳ мақомдорро барканор кард

Президенти худкомаи Туркманистони Сардор Бердимуҳаммадов ҳафтаи гузашта шуморе аз мақомоти баландпояи давлатиро барои "кутоҳӣ дар иҷрои вазифа" аз вазифаҳояшон барканор кард.

Расонаҳои давлатии Туркманистон охири ҳафтаи гузашта иттилоъ доданд, ки рӯзи 14 июл Ҳоҷимуҳаммад Раҷабмуродов, вазири энержӣ, Алланур Алтуев, вазири кишоварзӣ, Низёли Ниёзлиев, раҳбари Биржаи давлатӣ ва Гулмурод Оғомуродов, раиси Кумитаи варзиш аз симатҳояшон барканор шуданд. Бердимуҳаммадов ҳамчунин раисони ҳамаи панҷ минтақаи кишварашро аз мақом сабукдӯш кардааст.