Туркия манъи иқомати хориҷиҳо дар 39 ноҳияи Истанбулро рад кард

Вазорати умури дохилии Туркия хабари манъ шудани иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар 39 ноҳияи шаҳри Истанбулро рад кард.

"Хабари манъ шудани иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар 39 ноҳияи Истанбул асос надорад. Танҳо дар 10 ноҳияи шаҳр ба хориҷиҳо иҷозати иқомат дода намешавад", - гуфта шудааст дар иттилоияи вазорат, ки 16 июл дар саҳифаи вазорат дар Твиттер нашр шуд.

Маҳдудияти иқомати хориҷиҳо дар 10 ноҳияи Истанбул моҳи октябри соли 2022 ҷорӣ шудааст.

Нашрияи туркии "Milliyet" ахиран хабар дод, ки таҷрибаи маҳдудияти иқомати хориҷиҳо дар 10 ноҳияи Истанбул дар ноҳияҳои боқии шаҳр ҳам ба кор гирифта шудааст. Дар хабари нашрия гуфта мешуд, мақомоти Туркия соҳибмулкон ва меҳмонхонаҳоро ҳушдор додаанд, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳуҷра ба иҷора надиҳанд.

Тибқи омори соли 2022, дар Туркия 5,4 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор дорад. 1,2 миллиони онҳо дар Истанбул ба сар мебаранд. Ин шаҳр дар умум 15,9 миллион аҳолӣ дорад.