Беш аз 45 қиморхонаи пинҳониро дар Қирғизистон ёфтаанд

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон зиёда аз 45 қиморхонаи пинҳонӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Уш ва вилоятҳои Чуй, Уш ва Ҷалолобод ошкор шудаанд.

Вазорат мегӯяд, компютерҳо мусодира ва кормандони қиморхонаҳо бозпурсӣ шуданд. Ин қиморхонаҳо таҳти номи марказҳои хариду фурӯши саҳҳом ва молу маҳсулот тариқи электронӣ фаъолият мекардаанд.

Дар Қирғизистон қонун дар бораи манъи фаъолияти қиморхонаҳоро соли 2022 бекор карданд. Қонуни мазкур соли 2012 қабул шуда буд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, лағви қонун боиси ҷалби сармоя ба кишвар мешавад. Бино ба тартиби нав, шаҳрвандони Қирғизистон ҳаққи ворид шудан ба қиморхонаҳоро надоранд, аммо сокинони Қирғизистон мегӯянд, ин талабот риоя намешавад.