Дар Қирғизистон қариб ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет дастрасӣ ба сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ - rus.azattyk.org ва azattyk.org-ро барқарор карданд.
Вазорати фарҳанги он кишвар баъди қарори додгоҳ дар бораи созиши оштӣ бо "Азаттик" ба Вазорати рушди рақамии Қирғизистон нома ирсол ва боз кардани сомонаҳоро хостааст.
Додгоҳи шаҳри Бишкек созиши оштиро миёни "Азаттик Медиа" – бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Вазорати фарҳанги Қирғизистон қабул кард.
Бар асоси қароре, ки рӯзи 12-уми июл эълон шуд, даъвои додгоҳӣ бас шуда, сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дубора дастрас мегарданд.
Баҳси ду тараф ба сари як барномаи видеоӣ дар робита ба низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд. Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.
Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон моҳҳо боз аз саҳифа бардоштани ин видеоро талаб мекард, вале роҳбарияти Радиои Озодӣ ин талабро намепазируфт, чун ба меъёрҳо посухгӯ медонист.
Бино ба созише, ки ҳоло ба даст омадааст, ин видео дигар дар сомонаҳои Радиои Озодӣ дастрас нест.
Вакили бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Тимур Султонов, мегӯяд, "ба сабаби тағйирот дар санадҳои умумӣ… матолиб дар сомонаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамешагӣ намемонанд, аз ин рӯ, видеои баҳсбарангез дигар дастрас нест."
Дар ҳамин ҳол, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, бахши қирғизӣ “минбаъд низ ба мухотабонаш маълумоти дуруст хоҳад расонд.”
Дар як соли охир вазъи озодии расонаҳо дар Қирғизистон мушкил арзёбӣ мешавад.