Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ёфт шудани ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро рад кард. Умеда Юсуфӣ, 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев ҳамчунон идома дорад.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое пайдо шуд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев пайдо шудааст.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, гурӯҳи наҷотбахшон аз маҳалли бозори "Кушониён" то нақби "Истиқлол" ва аз онҷо то маркази ноҳияи Айнӣ ва то марзи Узбекистон ҷасадро ҷустуҷӯ доранд.
"Як гуруҳ дар соҳил назорат мебаранд ва гуруҳи наҷотбахшҳо дохили дарёи Варзобро ҷустуҷӯ доранд. Корҳои ҷустуҷӯ то вақти пайдо шудани ҷасад идома меёбад,"-афзуд Умеда Юсуфӣ.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, Шӯҳрат Исматуллоев муовини ававали раиси “Ориёнбонк” рӯзи 23-юми июни имсол рабуда шуда, бар асари шиканҷа ҷон додааст. Додситонии кул мегӯяд, ҷасади Исматуллоев ба дарё партофта шудааст. Дар пайванд ба марги ӯ мақомот чанд нафарро дастгир ва чанд нафарро гумонбар эълон карда, баъзеро дар берун аз кишвар меҷӯянд.