"Ваъда доданд, ки бар ивази 30 ҳазор ба Амрико мебаранд"

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ду нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд. Онҳо ба чанд нафар ваъда додаанд, ки онҳоро тавассути Мексика ба ИМА мебаранд. Дар бораи боздошти гумонбарон додситонии кулли Узбекистон рӯзи 12 июл хабар дод.

Додситонӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо ба сокинон ваъда кардаанд, ки дар ивази 30 ҳазор доллар онҳоро ба ИМА мерасонанд.

Додситонӣ дар асоси моддаҳои қаллобӣ ва моил кардан ба порадиҳӣ парванда боз кардааст.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон боздошти афроде зиёд шудааст, ки ба "тиҷорат"-и ирсоли сокинон ба ИМА тавассути Мексика даст мезананд. Дар моҳи май низ дар Узбекистон марде бо ин иттиҳом боздошт шуд.