Масъулони "Ориёнбонк", бонки наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бори аввал ва пас аз тақрибан се ҳафта дар бораи қазияи Шӯҳрат Исматуллоев иттилоъ доданд. Онҳо дар эъломияе рӯзи 10-уми июл ба шарикону муштариёни худ гуфтаанд, ки муовини аввали раиси бонк "аз ҷониби гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ рабуда шуд".
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июни имсол рабуда шуда, бар асари шиканҷа ҷон додааст. Додситонии кул мегӯяд, ҷасади Исматуллоев ба дарё партофта шудааст, аммо то ҳанӯз онро наёфтанд. Дар пайванд ба марги ӯ мақомот чанд нафарро дастгир ва чанд нафарро гумонбар эълон карда, баъзеро дар берун аз кишвар меҷӯянд. Радиои Озодӣ дурустии хабарҳоро мустақилона тасдиқ ё рад карда наметавонад.