Савринисоро гӯронданд, вале баҳсаш монд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Савринисо Сафароваи 23-соларо тақрибан як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳси чӣ гуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Модараш мегӯяд, ӯро пайвандон ва ҳамсари аввали шавҳараш зада то ба марг расондаанд. Муфаттишон мегӯянд, Савринисо худкушӣ кардааст.