Кайрат Сунтаев, муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки Бейбит Шуменов - муштзани қазоқистонӣ дар латту кӯби марде гумонбар аст.
"Бо моддаи авбошӣ парванда боз шудааст. Вай хеле вақт аст, ки муштзанӣ намекунад. Санҷиши хидматӣ идома дорад, вай ҷазо хоҳад гирифт", - гуфт Кайрат Сунтаев.
Навори ҳамлаи Шуменов ба марди ношиносе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Ин ҳодиса дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рух додааст.