Дабири кулли НАТО гуфт, ояндаи Украинаро дар паймони низомӣ мебинад, вале барои қабули он ризоияти ҳамаи кишварҳои узв ва иҷрои тамоми шартҳои узвият лозим аст. Йенс Столтенберг дар ин бора рӯзи 11-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Вилнюс суҳбат кард, ки онҷо нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви НАТО идома дорад.
Ба қавли дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ, ба шарофати кумаки низомии паймон ба Украина ва омӯзиши сарбозони украинӣ дар кишварҳои ғарбӣ Украина ба узвият дар паймон наздик шудааст. Аммо ба қавли ӯ, то замоне ки Украина дар ҷанг бо Русия пирӯз нашавад, қабули Киев ба НАТО имконнопазир аст.
Аз ин пештар Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз он изҳори ноумедӣ кард, ки НАТО омодаи қабули кишвараш ба ин паймон нест.