Аз Тоҷикистон хостанд Бузургмеҳр Ёровро фавран озод кунанд

Бузургмеҳр Ёров 8 сол боз дар зиндон аст

Кумисюни ҳуқуқи башари Том Лантос дар Конгресси Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бе қайду шарт озод кунад. Изҳороти Кумисюн рӯзи 11-уми июл дар Твиттер нашр шуд.

Бузургмеҳр Ёров, ки 9-уми июл 52-сола шуд, ҳашт сол боз дар зиндон аст. Ӯро ба қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳукумат гунаҳкор кардаанд.

Кумисюни ҳуқуқи башари Том Лантос дар Конгресси Амрико мегӯяд, вакили дифои тоҷикро бегуноҳ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Айни замон баррасии парвандаи чаҳорум ба зидди Бузургмеҳр Ёров дар зиндон ҷараён дорад. Ӯро ба мавриди дигари қаллобӣ муттаҳам медонанд. Худаш ва наздиконаш ҳамвора гуфтаанд, ки ӯ гуноҳ надорад.