Пастухов: агар Путин дар қудрат монад, Русия аз байн меравад

Владимир Путин

Як сиёсатшиноси рус мегӯяд, агар раиси ҷумҳур Владимир Путин бо ҳамин сиёсати пешгирифтааш дар қудрат бештар аз даҳ соли дигар бимонад, Русия ҳамчун кишвар аз байн меравад.

Владимир Пастухов, сиёсатшинос ва пажуҳишгари Коллеҷи салтанатии Лондон, дар гуфтугӯ бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфтааст, "агар Путин дар ҳамин шакле, ки ҳаст, то соли 2036 бимонад, ман шарт мебандам, ки ҷаҳон бе Русия хоҳад буд. Вале агар моро аз худу режимаш андаке бештар халос кунад, Русия шанс дорад, ки то соли 2050 мақомашро дар арсаи ҷаҳонӣ бигирад."

Ин сиёсатшинос дар мусоҳибаи тӯлонӣ бо Радиои Озодӣ аз сиёсатҳои Владимир Путин ва ҷоҳталабиҳои ӯ танқид карда, гуфтааст, сиёсатҳои дохилии ӯ ва аз ҷумла ҷанг дар Украина сабаби сусту заиф гаштани Русия шудааст.