Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти Олмон хостааст, дар бораи панҷ тоҷике, ки бо иттиҳоми омодагӣ ба амалиёти террористӣ дастгир шуданд, маълумот бидиҳад. Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия бо такя ба вазорат навиштааст, ки "намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар иртиботи наздик бо мақомоти интизомии Олмон аст ва аз онҳо дар бораи парванда маълумоти расмӣ тақозо кардаанд."
Вазорати умури дохилии Олмон рӯзи 6-уми июл гуфт, ки маъмурони амниятӣ 7 нафар аз ҷумла панҷ зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд, ки узви ҳалқаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати Исломӣ" буданд ва ният доштанд, дар он кишвар ҳамлаи мудҳиши террористӣ анҷом бидиҳанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ҳеч иттиллои расмие дар бораи ин панҷ нафар надодаанд.
Додситонии Олмон аз панҷ тоҷики боздоштшуда дар ин кишвар, Муҳаммадшуҷоъ, Нуриддин, Шамшод, Саид, Раббонӣ, ном бурдааст. Додситонии Олмон гуфтааст, гумонбаршудаҳо ба эҳтимоли зиёд баъди ҳамлаи Русия ба хоки Украина вориди Олмон шудаанд.
Дар гузашта чанд шаҳрванди дигари кишвар дар Олмон бо иттиҳоми терроризм боздошт ва зиндонӣ ҳам шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад