Пажӯҳиш: 47 ҳазор сарбози Русия дар Украина кушта шудаанд

Пажуҳиши нашрияҳои "Медуза" ва "Медиазона" муайян кардааст, ки дар 15 моҳи ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, 47 ҳазор низомии Русия кушта шудааст. Ин талафот бидуни назардошти кушташудаҳо дар ҳамлаи ҷавобии ахири Украина номида мешавад.

Ба иттилои пажуҳишгарон, теъдоди талафот бо 95 дарсади эҳтимолият аз 40 то 55 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ин талафот се баробар бештар аз он аст, ки ҳукумати Шӯравӣ дар ҷанг дар Афғонистон дошт. Он ҷанг 10 сол давом кард.

Рӯзноманигорон ҳамроҳ бо пажуҳишгар Дмитрий Кобак феҳристи санадҳои мерос ва пойгоҳи додаҳои "Росстат"-и Русияро омӯхтаанд, ки ин санадҳо афзоиши якборагии маргро миёни мардони ҷавон дар соли 2022 нишон медиҳанд.

Ба ин тартиб, рӯзноманигорон ва пажуҳишгарон муайян кардаанд, ки то рӯзи 27 майи соли 2023 (яъне, то оғози ҳамлаи ҷавобии Украина) теъдоди умумии кушташудаҳои ҷониби Русия 47 ҳазор касро дар бар гирифтааст.

Бо назардошти низомиёни захмӣ, низомиёни рухсатёфта, теъдоди умумии онҳо метавонад, ҳадди ақал ба 125 ҳазор кас бирасад. Ба ин ҳисоб қисман низомиёне низ шомил мешаванд, ки беному нишон гум шудаанд.

Вазорати мудофиаи Русия маълумоти расмии талофоташро дар Украина нашр намекунад. Бори охир мақомоти Русия моҳи сентябри соли 2022 дар ин бора иттилоъ дода буданд. Он замон вазорат гуфт, дар ҷанги зидди Украина 5937 низомии Русия кушта шудааст.

Украина низ талафоташро эълом намекунад. Баҳори соли ҷорӣ дар натиҷаи ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани санадҳои Пентагон маълум шуд, ки иктишофи ИМА талафоти артиши Украинаро 15,5 - 17,5 ҳазор кушташуда ва 109-113 ҳазор маҷруҳ баҳо додааст.