Дар вилояти Гуандуни ҷануби Чин, дар натиҷаи ҳамла ба кӯдакистон ҳадди ақал шаш кас кушта ва як тан ҷароҳат бардоштааст.
Миёни кушташудаҳо - як мурабби кӯдакистон, ду тан аз волидон ва се кӯдак ҳастанд. Мақомоти Чин хабар доданд, ки гумонбар боздошт шудааст.
Ҳамла субҳи рӯзи душанбе рух дод. Ҳамлавар корд доштааст. Пулис ин ҳодисаро "ҳамлаи барқасдона" унвон кард. Сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Солҳои ахир ҳамла бо корд, аз ҷумла дар мактабҳо афзудааст. Моҳи августи соли гузашта як ҳамлагар дар вилояти Тсзянсӣ се касро дар кӯдакистон кушта, шаш тани дигарро маҷруҳ карда буд. Моҳи апрели соли 2021 дар натиҷаи чунин ҳамла ду кӯдак кушта, 16 тани дигар маҷруҳ шуда буданд. Он ҳодиса дар вилояти Гуанси-Чжуанс рух дода буд.