Дар интихоботи рӯзи 9-уми июл дар Узбекистон, ки натиҷаашро аз қабл пешгӯйӣ мекарданд, раҳбари феълӣ Шавкат Мирзиёев бори севум раиси ҷумҳур интихоб шуд. Кумисюни марказии интихоботи Узбекистон рӯзи 10-уми июл гуфт, бар асоси натиҷаҳои ибтидоӣ Мирзиёев зиёда аз 87 дарсад раъйи мардумро ба даст овардааст.
Ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, то шоми 9-уми июл тақрибан 70 дарсади мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй (бештар аз 13 миллион нафар) дар интихобот ширкат кардаанд, ки зиёдтар аз меъёри қонунист.
Телевизионҳои давлатӣ субҳи 9-уми июл Шавкат Мирзиёви 65-соларо ҳангоми раъйдиҳӣ дар шаҳри Тошканд нишон доданд.
Шавкат Мирзиёев, ки баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури саркӯбгари Узбекистон ба қудрат расид, дар аввал барои ислоҳоту тағйирот дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии ҳамсоякишвари Тоҷикистон ситоиш мешуд, аммо ҳоло ӯро ба пеш бурдани сиёсатҳои монанд дар аҳди Каримов муттаҳам мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шавкат Мирзиёеви 66-сола дар умри сиёсии худ бори севвум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок мекунад, ки 3,5 сол пештар аз замони худ баргузор мешавад. Ин натиҷаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосии Узбекистон, ки охири моҳи апрел қабул шуд.
Тибқи қонунгузории нав, муҳлати раёсати ҷумҳурии аз 5 ба 7 сол зиёд шуд. Шавкат Мирзиёев акнун метавонад то соли 2037 дар қудрат бимонад, ки то он замон синнаш ба 80 хоҳад расид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Интихоботи президентӣ дар Узбекистон. Намоиши нофарҷоми демократия?