Муҳоҷирони "худӣ" ва "бегона". Бархӯрди гуногун ба як масъала дар Тоҷикистон

Шаҳри Ваҳдат, маҳалли асосии кор ва зиндагии паноҳандағони афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия боис ба хашм дар Тоҷикистон мегардад, аммо бархӯрд бо муҳоҷирони афғон дар ин кишвари мизбон нодида гирифта мешавад.

Нафиса Абдулҳаким, шаҳрванди Афғонистон ҳамроҳи хонаводааш 25 сол боз дар Тоҷикистон паноҳанда аст. Дар ин муддат оилаи ӯ натавониста ҷазби ҷомеи Тоҷикистон шавад.

“Мо аз тариқи рӯдхонаи Панҷ вориди хоки Тоҷикистон шудем. Моро аввал дар Шаҳритус, баъдан дар Панҷ, сипас Фархору Кӯлоб боздоштанд ва ба Душанбе интиқол доданд. Ин ҳама сол натавонистем соҳиби шиноснома шавем ва ба ин далел фарзандони мо натавонистанд ба гунаи лозим таҳсилу кор кунанд,” -- мегӯяд Нафиса.

Ба нақли ӯ, ниҳодҳои марбута ба ӯ чизе намегӯянд, аммо набудани шаҳрвандӣ онҳоро аз тамоми ҳуқуқ бенасиб мекунад. Дар сурати мусоидати Созмони Милал хонаводаи Абдулҳаким омодаи рафтан ба кишвари дигар аст.

Рӯ ба рӯ бо мушкилот

Ин яке аз ҳазорон хонаводаи афғонистонӣ аст, ки маҷбур ба тарки кишвари худ шуданд ва дар Тоҷикистон ҷой ёфтанд. Мавзӯи муҳоҷират беш аз ҳар вақти дигар барои Тоҷикистон масъалаи матраҳ аст. Ба хусус, дар пасманзари фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар моҳҳои охир. Аммо, агар фишор бар муҳоҷирони тоҷик дар Русия боис ба нигаронӣ дар Тоҷикистон мегардад, сарнавишти паноҳандагони афғон ҳеч навъ таваҷҷуҳеро ҷалб намекунад.

Абдулмуталиб Башардӯст

Радиои Озодӣ чанд вақт пеш дар бораи Абдулмуталиб Башардӯст, як мақоми пешини давлати Афғонистон, ки ба далели иваз кардани ҷойи зисташ аз Ваҳдат ба Душанбе зери таҳдиди ихроҷ ба сар мебарад, гузориш дод. Башардӯст набудани ҷойи корро дар шаҳри Ваҳдат далели ивази ҷойи зисташ гуфтааст.

Тибқи иттилои Кумисюни олии СММ барои паноҳандагон то моҳи апрели 2022 дар Тоҷикистон 7 ҳазору 794 паноҳанда ва 2100 паноҳҷӯ вуҷуд доштааст. Тоҷикистон дар тӯли солҳои охир 15 ҳазор паноҳанда қабул кардааст.

Ихроҷи иҷборӣ ва таассуб

Моҳҳои август ва сентябри соли 2021 Тоҷикистон мавҷи нави ихроҷи паноҳандагони афғонистониро шуруъ кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари онҳоро пас аз омадани Толибон таҳдид мекунад. Танҳо соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 74 муҳоҷири афғонро аз Тоҷикистон рондаанд. Моҳи августи соли 2022 10 муҳоҷир ихроҷ шуданд. Яке аз ин ихроҷшудагон санади расмии паноҳандагӣ доштааст.

Мақомот далели ихроҷ шудани онҳоро нақзи иқомати паноҳандагон дар Тоҷикистон мегӯянд. Кумисюни олии СММ барои паноҳандагон он замон аз тасмими мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва талаби қатъи боздошти муҳоҷирони афғон кард.

Баъди ба дасти Толибон гузаштани қудрат дар Афғонистон садҳо шаҳрванди он кишвар ба Тоҷикистон омаданд

“Муносибат бо муҳоҷирони афғон аз ҷониби мақомоти амниятӣ ҳамроҳ бо таассуб аст. Ҳатто ҳолатҳои латукӯб ҳам рух медиҳад, аммо онҳо ба сабаби вазъияти беҳуқуқӣ чизе гуфта наметавонанд. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ иқдоми пешгирона унвон мекунанд, аммо на ҳамаи паноҳандагон барои Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд,” -- мегӯяд рӯзноманигори тоҷик, ки умури паноҳандагонро бозтоб медиҳад.

Ба гуфтаи вай, муносибати такаббурона бо муҳоҷирони афғонро метавон дар дидори онҳо бо комиссари олии СММ барои паноҳандагон дар моҳи марти 2022 Филлипо Гранди мушоҳида кард. "Ин дидор дар зери назорати шадиди мақомоти амниятии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он наздик ба 20 муҳоҷири афғон ширкат карданд, ки дар бораи мушкилоти худ ба далели камии вақт ва назорат чизе гуфта натавонистанд," -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Тибқи қарори ҳукумат барои будубоши муҳоҷирон ҷойҳои муайян дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва Рӯдакӣ ҷудо шудааст. Мутобиқ ба қонун «Дар бораи гурезаҳо» онҳо барои ёрии тиббӣ, кор ва соҳибкорӣ, гирифтани таҳсили ибтидоӣ ва миёна, кумаки молӣ ва кумакҳои дигар ҳақ доранд. Дар амал ба мушкилиҳои бузурге рӯ ба рӯ мешаванд.

"Душвориҳои воқеӣ"

Манбаи наздик ба мақомоти умури паноҳандагон мегӯяд, "дар муқоиса бо кишварҳои дигари ИДМ, Тоҷикистон ба дорандагони санади паноҳандагӣ иҷозаи кор ва соҳибкориро медиҳад. Ҳаққи онҳо тақрибан ба ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба истиснои ҳуқуқи сиёсӣ баробар аст. Дар масъалаи ҷойи зист мутобиқ ба қарори ҳукумат маҳдудият вуҷуд дорад. Яъне, дар ҷойҳое стратегӣ зиндагӣ карда наметавонанд."

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ мушкилиҳои воқеӣ дорад. “Қонунгузории Тоҷикистон аз даст додани шаҳрвандиро дар назар нагирифтааст. Агар онҳо 100 сол низ дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ кунанд, шаҳрвандии онҳо ҳифз мешавад. Ба далели он ки Тоҷикистон бо Афғонистон дар бораи душаҳрвандӣ шартнома надорад, наметавонад барояшон шаҳрвандӣ бидиҳад,” – афзуд ҳамсуҳбати мо ба шарти нанавиштани номаш.

Бо вуҷуди ин, ба қавли ӯ, қонунгузории Тоҷикистон созукори ҷазби муҳоҷирон ба ҷомеа надорад. “Дар моддаи 15-и қонун дар бораи гурезаҳо гуфта мешавад, ки давлат бояд барномаи ҷалбу ҷазби гурезаҳо ба ҷомеаро дошта бошад. Аммо, ба ғайр аз ин меъёрҳои дигари иҷроӣ кардани ин механизм вуҷуд надорад,” -- таъкид кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.