Ҳамла дар Зоҳидон. Ду афсар ва чор ҳамлагар кушта шуданд

Зоҳидон, ҷойи ҳодиса, 8-уми июли 2023

Дар ҳамла ба идораи пулиси Зоҳидон, шаҳре дар ҷанубу шарқи Эрон, ду афсар кушта шудааст.

Ҳодиса рӯзи 8-уми июл иттифоқ уфтод.

Расонаҳои давлатии Эрон гуфтанд, низомиён дар ҷавоб чаҳор ҳамлагарро куштанд.

Зоҳидон, маркази вилояти Сиистону Балуҷистон, маҳалли эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар робита ба марги Маҳсо Аминии 22-сола ва таҷовуз ба номуси духтари 15-сола буд.

Аксар сокинонашро мусулмонони аҳли суннат ташкил медиҳанд.

Вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон бо Покистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст.