Баъд аз камтар аз як моҳи дигар муҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк" ба охир мерасад. Дар гузашта додгоҳ чанд дафъа ба масъулони муввақатии бонк фурсат дода буд, ки мушкили муштариёнро ҳал кунанд.
Ин бонк соли 2017 муфлис эълон шуд, аммо мақомот то ҳол натавонистаанд, онро пурра бибанданд. Мудири махсуси бонк рӯзи 6-уми июл дар як мулоқот ба муштариён ваъда дод, ки бори дигар аз додгоҳ мехоҳад, муҳлати барҳамдиҳии бонкро дароз кунад.
Хабари пурра барҳам додани бонк ташвиши муштариёни “Тоҷпрмбонк”-ро бештар кардааст. Онҳо нигаронанд, ки дар ниҳоят бонк комилан баста мешавад ва амонатҳояшон дигар бозпас дода нахоҳад шуд.
Қурбон Саидов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, барои муолиҷаи писари маъюбаш дар бонк амонат гузошта, пул ҷамъ мекард, вале нақшаҳояш барбод рафт.
“Бачаам маъюби гуруҳи аввал аст. Мехостам пул ҷамъ кунаму ба хориҷа барам ва табобат кунам. Афсӯс, нашуд. 101 ҳазор сомониям дар ҳамин ҷо ҳаст, гирифта наметавонам. Мегӯянд, 31-уми июл шартнома тамом мешад. Амвол бо нархи бениҳоят гарон ба фурӯш гузошта шудааст, касе намехарад," -- гила кард Қурбон Саидов.
Фирдавс Шукуров, сокини шаҳри Душанбе, низ солҳо боз барои бозпас гирифтани амонатҳои мондааш дар "Тоҷпромбонк" саргардон аст. Мегӯяд, ҳар моҳ ба онҳо 500 сомонӣ медиҳанд.
"Амонатро ба ин тарз пас бидиҳанд, шояд дар бист сол ҳисоби мо баробар шавад. Чанд бор журналистҳо омаданд, гап задем, кор аз ҷояш намеҷунбад," -- гуфт Фирдавс Шукуров.
Тибқи иттилои расмӣ, зиёда аз 200 муштарӣ то ҳол натавонистаанд 34 миллион сомонии худро бозпас гиранд.
Фирӯз Шарифов, мудири махсуси бонк душвориро барои баргардондани пули сокинон чунин шарҳ дод: "Мушкили асосӣ ин аст, ки муштариён қарзҳои гирифтаашонро ба бонк барнамегардонанд. Аз тарафи “Тоҷпромбонк” ба бисёриҳо қарз дода шуда буд. Қарзҳои калон ҳам ҳастанд. Мутаассифона барнамегарданд. Ба ҳамин сабаб мо пасандозҳои мардумро пурра баргардонда наметавонем."
Ба қавли ӯ, қарзи дигарон дар назди "Тоҷпрмбонк" бе назардошти баҳраҳои қарзӣ наздик ба 99 миллион сомонӣ аст.
Муштариён мегӯянд, пасандозҳояшон аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонк бояд баргардонида шавад. Дар бонк таъкид намуданд, ки дар умум арзиши дороиҳои “Тоҷпромбонк” 150 миллион сомониро ташкил медиҳад, вале дақиқ посух надоданд, ки пули муштариёнро кай ва чӣ гуна бармегардонанд.
Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуданд. Мақомот ин бонкҳоро расман муфлис эълон карданд, вале сарнавишти садҳо амонатгузор норӯшан монд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад