Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" 44 миллион сомонӣ қарзашро додааст. Ба кӣ?


Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе
Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе

"Тоҷиксодиротбонк", яке аз бонкҳои бузургу низомсоз, ки соле пеш муфлис шуду барҳам хӯрд, беш аз чиҳил миллион сомонӣ амонати муштариёнро баргардондааст, вале миллионҳо сомонии дигари мардум ҳанӯз мондааст.

Масъулони бонк гуфта буданд, камтар аз 400 миллион сомонӣ қарздоранд. Муштариён пайваста аз тақдири норӯшани пулҳои бандмондаашон дар ин бонк дар ташвишанд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл гуфт, "Тоҷиксодиротбонк" то имрӯз 44 миллион сомонӣ амонати шахсони воқеиро пардохт."

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳои калонтарин дар Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонати муштариёнаш оҷиз аст. Мақомот сабаби дучори мушкил шудани бонкро ба мудирияти нодуруст марбут дониста буданд.

Розия, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, нӯҳ сол пеш дар "Тоҷиксодиротбонк" тақрибан 40 ҳазор доллар амонат гузошт, то дар вақти дармондагӣ бигираду харҷ кунад. "Замоне ки фарзандон бузург шуданду барои таҳсили онҳо пул даркор шуд, пасандози худро аз бонк гирифта натавонистам. То ҳоло саргардонам," – шикоят кард ӯ.

Муштариён аз он норозиянд, ки агар онҳо аз бонк қарздор монанд, бонк дарҳол амволи онҳоро мегираду мефурӯшад, вале дар ҳолати баръакс касе ба "дод"-ашон намерасад.

Зокирҷон Амирзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, мегӯяд, "қонун дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ бар асоси муфлисшавӣ марҳилаҳоро муайян кардааст. Барои мисол, дар навбати аввал кадом маблағҳо пардохт мешавад ва пасандозҳо дар кадом давра. Вақте мудири махсус бо пешниҳоди Бонки миллӣ таъин мешавад, ӯ тамоми фаъолияти бонкиро амалӣ мекунад. Додгоҳ инро фақат назорат мекунад.”

Хазинаи суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳоеро, ки бо сомонӣ гузошта шудаанд, мепардозад. Пасандоздорон бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни пулӣ мегиранд. Пулҳои боқимондаи амонатгузорон дар раванди барҳамдиҳӣ, яъне фурӯши амволи бонк ва доду ситад бо қарздорон бояд пардохта шавад.

Мақомот моҳи майи имсол эълон карданд, ки бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба фурӯш гузоштаанд. Ин бино дар маркази Душанбе 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ (ҳудуди 12 миллион доллар) баҳогузорӣ шудааст.

Солҳои охир чанд бонки дигар, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” низ муфлис эълон шуда, баъзе аз онҳо пурра барҳам хӯрданд, аммо мушкили амонати муштариён мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG