Владимир Зеленский, президенти Украина ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия дар Истамбул мулоқот карданд.
Дар нишасти хабарӣ, дар поёни мулоқоти раҳбарони ду давлат, Эрдуғон гуфт: “Украина бешак сазовори узвият дар НАТО аст.” Бино ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс қарор аст дар саммити навбатӣ дар Литва, раҳбарони паймон тасдиқ кунанд, ки "рӯзе Украина ба НАТО шомил мешавад"
Президенти Туркия ҳамчунин таъкид кард, ки ҳоло корҳо барои тамдиди мӯҳлати созиши содироти гандуми Украина тавассути баҳри Сиёҳ идома дорад. Муҳлати созишномаи пешин 17 июл ба поён мерасад.
Эрдуғон гуфтааст, ин масъала яке аз мавзӯҳои калидии мулоқоти ӯ бо президенти Русия, Владимир Путин хоҳад буд, ки қарор аст моҳи август дар Туркия баргузор шавад. “Мо умед дорем, ки созишнома на барои ду моҳ, балки ҳадди аққал барои ҳар се моҳа тамдид хоҳад шуд”- афзуд вай.
Русия мегӯяд, барои тамдиди созишнома асосеро намебинад. Қаблан, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфта буд, ки ягон умед барои тамдиди созиш нест, “Зеро он чизе, ки ваъда шуда буд, иҷро нашуд.”
Як мавзӯи дигари гуфтугӯи Зеленский бо Эрдуғон табодули асирон будааст. “мо дар масъалаи бозгардонидани асирон, зиндониёни сиёсӣ ва тоторҳои Қрим кор карда истодаем. ”- гуфт, Зеленский. Раиси Ҷумҳури Туркия илова кард, ки метавонад ин мавзӯъро қабл аз мулоқот бо Путин тариқи телефон матраҳ кунад.
Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022 Туркия бо Украина иртиботашро нигаҳ дошт ва дар бисёр масъалаҳо байни ду кишвар ба ҳайси миёнрав кор мебарад.