Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, 10 узви ҳизби аслии мухолифи давлатро бо иттиҳоми омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дастгир карданд.
Кумитаи Амнияти Миллӣ рӯзи 6-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки "аъзои Ҳизби Бутун пинҳонӣ ба ошӯб ва бесуботии васеъмиқёсе омодагӣ мегирифтанд, то табаддулот анҷом диҳанд.”
Адахон Мадумаров, раиси Ҳизби Бутун боздоштҳоро таъқиб барои ақидаҳои сиёсӣ номид ва гуфт, “ҳукумати феълӣ тамоми қирғизҳои фаъолро, ки андешаи худро доранд, битарсонанд.” Ба зидди худи Адахон Мадумаровро мақомоти амниятии Қирғизистон барои имзои як созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон дар соли 2009 парванда боз кардаанд.