Ҳама чиз ҳаст, ба ҷуз иттилоъ. Сомонаҳои "бесарусомон"-и давлатӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Сомонаи ҳукумати ноҳияи Шаҳристон асосан дар бораи терроризм менависад

"Сомонаҳои аксар мақомоту идораҳо ба талабот... мутобиқ нестанд, мазмун ва муҳтавои онҳо коста буда, пайваста нав карда намешаванд". Ин хулосаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст, ки дар гузориши тозааш нашр шудааст. Мақомот бахусус ҳукуматҳои маҳаллӣ мегӯянд, барои беҳтар кардани кори сомонаҳояшон нерӯи корӣ ва маблағ лозим аст.

Дар гузориши Омбудсмен аз кори сомонаҳои расмӣ, бахусус сомонаи додгоҳҳо интиқод шудааст. Муаллифони мониторинги Ваколатдор навиштаанд, дар ин самт, барои таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар баробари пешравиҳо, мушкилиҳое низ ҳаст. Мавҷуд набудани рӯйхати парвандаҳои додгоҳӣ дар сомонаҳои баъзе додгоҳҳо, нопурра будани маълумот дар бораи кори идораҳо, риоя нагардидани муҳлати пешниҳоди иттилоот аз ҷумлаи камбудҳое ҳастанд, ки Омбудсмен бар онҳо таъкид кардааст.

"Махфикунонии худсаронаи иттилоот аз ҷониби баъзе роҳбарони мақомоту идораҳо ва ташкилотҳо, ба ҷавобгарӣ кашида нашудани шахсони гунаҳгор барои пешниҳод накардани иттилоот, сатҳи пасти сифати иттилооти пешниҳодшаванда, нокифоя будани шаффофият дар фаъолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ ҷой дорад"-омадааст дар гузориши ин ниҳод.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!". Интиқод аз кори вебсайтҳои давлатӣ

Дар Додгоҳи олӣ таъкид намуданд, ки феълан ҳама додгоҳҳо сомонаи худро доранд ва марҳила ба марҳила фаъол хоҳанд шуд. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки бештари додгоҳҳои кишвар сомона доранд, ки иттилои нав дар онҳо нашр намешавад.

Охирон матлаб дар сомонаи Додгоҳи шаҳри Ҳисор аз се сол пеш нашр шудааст. Сомонаи Додгоҳи олӣ ва чаҳор навоҳии Душанбе нисбатан фаъоланд.

"Сомонаҳо бояд кори мардумро осон кунанд"

Як нигоҳ ба сомонаҳои расмии идораҳои давлатӣ ҳам нишон медиҳад, ки дар аксари онҳо иттилои тоза нашр намешавад ё маводҳое бознашр мешавад, ки берун аз самти корашон аст.

Барои мисол, дар сомонаи расмии ҳукумати ноҳияи Шаҳристон маълумоте дар бораи фаъолияти ин ноҳия ё дигаргуниҳои ноҳия ба назар намерасад. Дар ин сомона асосан матлабҳои сомонаҳои расмии ҷумҳурӣ аз ҷумла дар бораи терроризму экстремизм бознашр шудаанд. Дар бораи фаъолияти ҳукумати ноҳия тақрибан маводе ба чашм намехӯрад. Ҳатто рақами қабулгоҳи ҳукумат ҳам нопурра гузошта шудааст. Чунин вазъро дар сомонаҳои бархе навоҳии дигар низ дидан мумкин.

Рустам Гулов

Коршиносон таъкид мекунанд, ки сомонаҳои идораҳои давлатӣ бояд шеваи кори худро бознигароӣ намоянд. Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин, рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, сомонаҳои идораҳои давлатӣ мисли дигар кишварҳо бо пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ кори мардумро бояд осон кунанд. Вале ба гуфтаи Гулов бо сабабҳои гуногун феълан чунин нест.

"Аз руи мушоҳидаи худам гуфта метавонам, ки яке сабабҳо сирф молиявӣ ва техникӣ аст. Барои кори як сомона як дастаи кормандон лозим, ки онро ҳаматарафа идора кунанд. Аз нуқтаи назари дигар нафароне, ки ба ин кор масъуланд фикр мекунанд шояд баъзе маълумот зарур набошад ё он маълумот набояд аз нуқтаи назари сири давлативу дигару дигар нашр шавад”.

"Ҳатто номи раиси ноҳия дуруст нест"

Сомонаҳои расмӣ як манбаи дарёфти иттилоъ барои хабарнигорон аст. Одили Нозир, хабарнигори тоҷик рӯзи 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, наметавонад одитарин маълумотро аз сомонаҳои идораҳои давлатӣ пайдо намояд.

Одил Нозир

Ин рӯзноманигор мегӯяд, "фаротар аз Душанбе равем, сомонаи мақомоти аксар шаҳру ноҳияи кишвар ба номаш аст, умуман фаъол нест. Барои мисол, шумо медонед, ки раисҳо зуд- зуд иваз мешаванд ва номашонро низ дар раванди номивазкунӣ зуд- зуд иваз мекунанд. Баъзан ҳатто номи раис, муаррифии дурусти онҳо дар сомонаҳояшон нест, чи расад ба ҳаёти рӯзмарарро муаррифӣ кардан. Ман бовар дорам, ки барои фаъол намудани сомонаҳо маблағ ҷудо мешавад, вале малағ бемақсад ҷудо мешавду касе аз паяш намешавад.”

Бо ин вуҷуд, ба мушоҳидаи ин хабарнигор сомонаҳои ниҳодҳое мисли Вазорати умури дохилӣ, шаҳрдори Душанбе, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, президенти Тоҷикистон ва Додситони кул нисбатан фаъоланд.

Интиқод аз кори сомонаҳои идораҳои давлатӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳост мехоҳад Барномаи ҳукумати электрониро дар кишвар амалӣ созад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи феълии сомонаҳои мақомотҳои давлатӣ, огоҳон расидан ба чунин ҳадафро дар солҳои наздик зери сувол мегузоранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Бе хабари зиёдатӣ аз Бадахшон!" Расонаҳои Тоҷикистон зери фишоранд ё худсензура?Буд, набуд. Дар Тоҷикистон чӣ тавр сомонаҳо баста мешаванд? ВИДЕОМубориза бо фасод, ё тақозои замон? Вазорати саноат онлайнӣ иҷозатнома медиҳад