Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран эътироф кард, ки бархе аз нашрияҳои интернетӣ қисман ва бо назардошти маълумоти муайяни нашркардаи онҳо дар ҳудуди кишвар баста мешаванд.
Қатъи дастрасӣ ба чунин матолиб ба таври худкор ва бинобар “шинохта шудан”-и калимаҳои муайян рух медиҳад.
Коршиносони фанновариҳои иттилоотӣ ба таври худкор маҳдуд кардани кори сомонаҳои интернетиро имконпазир медонанд ва таъкид мекунанд, ки чунин амал метавонад аз сӯи Маркази Ягонаи Коммуникатсионии Хадамоти алоқа сурат гирад. Ҳуқуқшиносон бо чунин шева бастани сомонаҳои интернетиро хилофи қонун медонанд.
Далели бастани сомонаҳо чист?
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иддао дорад, ки бастани сомонаҳо бар асоси қонун сурат мегирад. Ӯ рӯзи 31-уми январ ҳангоми як нишасти хабарӣ ба пурсишҳои батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ, ки сомонаи ин расона чаро ва бар асоси кадом қонун ё ҳалномаи додгоҳ масдуд шудааст, посухи дақиқу рушан надод. Атоев моддаи 33-34-и "Қонун дар бораи алоқаи барқӣ"-ро ҳамчун асос барои масдуд намудани сомонаҳои инетернетӣ номгир кард. Вале дар ин ду моддаи қонун муқаррароти қатъи алоқаи барқӣ тавре пешбинӣ шудааст, ки ба ҳарфҳои Атоев мутобиқат намекунанд. Дар моддаи 33-и ин қонун гуфта шудааст, ки "ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулоддае, мисли амалиётҳои ҷангӣ, офатҳои табиӣ, карантин ва ғайра, ки қонунгузории кишвар муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор... барои маҳдудкунӣ ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд".
Дар моддаи 34-и Қонун дар бораи алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст, ки "дар сурати истифодаи ғайриқонунӣ аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабака ва воситаҳои алоқаро боз доранд".
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Аз муовини сардори Хадамоти алоқа пурсида шуд, ки оё кадом санад ё қарори додгоҳро дастрас намудааст, ки тибқи он бояд сомонаи Радиои Озодӣ баста бошад? Посухаш мушаххас набуд. "Тамоми системаҳои интернетӣ фаъол ҳастанд. Чаро баста? Ман гуфта истодаам, ки дар асоси ҳалномаи суд, агар дар сомона иттилоот, маълумот нисбати қонунгузор бошад, он ба тарзи худкор баста мешавад. Мисол, Атоев Илҳомҷон Ҷалолович, мисол мамнӯъ, ки бошад, ҳамин номи ман дар сомонае пайдо шуд, сомона баста мешавад. Ин қонун, ин талаботи ҷаҳонӣ ҳаст."--афзуд, ӯ.
Технологияи Чин, ки маълумотро дастнорас мекунад
Ба ақидаи мутахассисон, раҳбарияти Хадамоти алоқа мавҷудияти фанноварии пешрафтаеро тасдиқ кард, ки алгоритми он маълумоти муайянро мехонад ва онро дастнорас мекунад. Чунин технология бори аввал ва ба таври фарогир дар Чин сохта ва истифода шудааст.
Намояндагони расонаҳое монанди Радиои Озодӣ ва Азия-Плюс солҳост, аз дастнорас шудани маводи худ барои хонандагон дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Онҳо аз ширкатҳои мобилӣ сабаб мепурсанд, вале ширкатҳо ба Хадамоти алоқа ишора мекунанд. Намояндагони ширкатҳои мобилӣ намехоҳанд дар ин бора ошкоро суҳбат кунанд. Рӯзи 7-уми феврал намояндаи як ширкати мобилӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳо ба масдуд ё бастани сомонаҳои интернетӣ ҳавасманд нестанд. Як корманди ширкати "Babilon" низ масдудияти сомонаҳои интернетиро аз сӯи ширкатҳо рад намуд ва таъкид кард, ки ин амал ба ширкатҳо ҳеҷ рабте надорад. Дар гузашта низ масъулони ширкатҳои мобилӣ борҳо изҳор доштаанд, ки дар робита ба бастани сомонаҳои интернетӣ бояд ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат шавад.
"Аз тарафи мо монеа нест"
Умед Бобохонов, раҳбари медиа-холдинги "Азия плюс", дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди мушкили дастрасӣ ба сомонаашон борҳо ба сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Хадамоти алоқа муроҷиат кардаанд, аммо чунин ҷавоб гирифтаанд, ки аз тарафи онҳо ҳеҷ монеа нест: "Яъне ки мегӯянд, блок карданӣ нестанд, гуфтанд, шояд ягон хатои техникӣ бошад. Мо хулоса баровардем, ки касе дар сохторҳои давлатӣ сайти моро масдуд мекунад".
Ҷаноби Бобохонов, бастани сомонаҳои хабариро хилофи манфиатҳои миллӣ медонад. Ӯ ба таври худкор ва дар асоси нашри калимаҳои хос бастани сомонаи расонаҳои хабариро афсонае беш намедонад. Вале коршиносон бастани сомонаҳоро ба таври худкор аз нигоҳи фаннӣ имконпазир медонанд.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, масдуд намудани сомонаҳо тариқи худкор бо кӯмаки барномаи махсусе сурат мегирад ва ин кори чандон мушкиле ҳам нест. "Барои тариқи худкор масдуд намудани сомонаҳо дар Маркази Ягонаи Коммуникатсионии Хадамоти алоқа барномаи махсус лозим аст, ки тамоми сомонаҳоро ба таври доими мониторинг карда истад, ба таври доимӣ индекс кунад, яъне ҳамон калимаҳоеро, ки гӯиё мамнӯъ ҳастанд, доим ҷустуҷӯъ мекунад. Дар сурати пайдо кардан сомонаро блок мекунад. Имкони интихоби сомонаҳо низ аст, яъне дар системаи мониторингӣ, агар хоҳанд ягон сомонаеро, ки бо вуҷуди нашри калимаҳои мамнӯъ масдуд нашавад, онро ворид намекунанд. Яъне ин кор бо чунин усул амал мекунад, вале то чӣ андоза масдуд намудани сомонаҳо ба таври худкор шудааст, инро Хадамоти алоқа медонад."--гуфт, Рустам Гулов.
Гар нарасад зури мо…
Ӯ афзуд, аз роҳи худкор масдуд намудани сомонаҳо барои мақомот ягон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, зеро зури системаҳои қулфшикан ба ин гуна барномаҳо низ мерасад.
Ҳуқуқшиносон бо чунин шева бастани сомонаҳои интернетиро аз сӯи Хадамоти алоқа як амали ғайриқонунӣ медонанд, аз ҷумла зидди қонунҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро тасвиб кардааст. Ба гуфтаи онҳо бастан ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба ягон манбаъҳои иттилоот тартиб ё муқаррроти хоси худро дорад, ки мақомот бояд пойбанд он бошанд.
Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик тариқи худкор бастани сомонаҳои интернетӣ зидди талаботҳои қонуни асоси ва қонунҳои байналмилалӣ мебошад. "Масалан, агар Тоҷикистон дар муҳосира қарор гирифта бошад, ё дар ҳолати ҷанг ё фавқулода бошад, дар ҳар сеи ин ҳолат, президент ба воситаи порлумони Тоҷикистон ба Шӯрои амнияти СММ дарҳол хабар медиҳад, онҳоро дар ҷараён мегузорад ва тадбирҳои марбутаро дар робита ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла дастрасӣ ба манбаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро низ муқаррар мекунад. Бо мақсади таъмини амният, вале ин ки бидуни огоҳӣ аз роҳи худкор қатъ мекунанд, ғайриқонунӣ аст."-таъкид намуд, Шокирҷон Ҳакимов.
Дар пай бастани сомонаҳои интернетӣ бархе коршиносону мунтақидон барҳо изҳор доштаанд, ки мақомот бо чунин амалаш озодии баёнро маҳдуд намуда, мехоҳад мардум дар бораи камбудҳое, ки расонаҳо ошкор мекунанд, огоҳӣ ё дастрасӣ надошта бошанд.
Дастрасӣ ба сомонаҳои "Азия-плюс" ва Радиои Озодӣ, ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Ютуб" дар гузашта низ борҳо маҳдуд шуда, интиқоди маҳофили ҷаҳониро ба бор овардааст. Вале сар аз соли 2016 ва роҳандозии Маркази Ягонаи Коммуникатсионии Хадамоти алоқа бо далелҳои дақиқ исбот кардани ин амалҳои ҳукумат тақрибан номумкин шудааст. Ишораи ахири басташавии автоматӣ метавонад, равзанаеро дар таҳқиқи масъала боз кунад.